Маҷаллаи илмии «Илм ва амният» (силсилаи илмҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа ва ҳуқуқ) соли 2018 таъсис ёфтааст.
Маҷаллаи илмии «Илм ва амният» нашрияи илмӣ буда, дар он масъалаҳои муҳимми замони муосир аз нигоҳи илм дар матни таъмини амнияти миллӣ мавриди таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифта, натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори илм ва доктор аз рўйи ихтисос (PhD) нашр мегарданд. Ҳамзамон, дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии ҳайати омўзгорону профессорон, аспирантону унвонҷўён ва докторантони Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба нашр мерасанд.
Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Маҷаллаи мазкур дар як сол 4 шумора (ҳар семоҳа) ба нашр мерасад ва дар ду сол на камтар аз 8 шумора нашр менамояд. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарёфт мегарданд, мувофиқат менамоянд.
Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки дар мувофиқа бо бахшҳои маҷалла барои чоп пешниҳод мегарданд, бо мақсади баҳогузории экспертӣ барои гирифтани тақриз супорида мешаванд. Ҳамаи муқарризон мутахассисони варзидаи бахшҳои маҷалла мебошанд ва дар соҳаи худ маводи гуногуни чопнамуда доранд. Ба ҳамаи муаллифон нусхаи тақризи манфӣ, бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола, ирсол мегардад.
Бойгонии электронии маҷалла ва маълумоти зарурӣ дар сомонаи расмии маҷалла (https://ilm-va-amniyat.tj) дастрас мебошад.
Шўрои мушовара ва ҳайати таҳририяи маҷалла аз 5 доктори илм ва 4 номзади илм иборат буда, онҳо кормандони илмӣ, илмию педагогӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.
Тамоми мақолаҳои илмии чопшаванда дорои рўйхати адабиёти истифодашуда мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои аз ҷониби маҷалла пешниҳодшуда тартиб дода шудаанд. Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои фишурда (аннотатсия) ва калидвожаҳои худ мебошанд, ки онҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ тартиб дода шудаанд.